Пайвандҳои дастрасӣ

Барои украиниҳо раводиди Аврупоро аз байн мебаранд?


Имрӯз Украина ва Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба харитаи роҳ дар бораи омӯзиши имкони сафари бидуни визаи шаҳрвандони Украина ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд. "Барномаи фаъолият" дар мулоқоти Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина бо Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Ҳерман Ван Ромпу-раиси Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шуд. Дар ин барнома аз Украина даъват шудааст, ки дар бахши назорат бар марзҳо, сиёсатҳои муҳоҷират, паноҳандагӣ ва ҳифзи асноди сафар фаъолияти худро беҳтар кунад, то ба муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо ҷавобгӯ бошад.
XS
SM
MD
LG