Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиард нафар ба хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд


Имрӯз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, тақрибан як миллиард нафар аз аҳолии саросари ҷаҳон аз ҳар гуна хадамоти беҳдоштӣ маҳруманд. Дар гузориши саросарӣ дар бораи сармоягузорӣ дар бахши беҳдошт гуфта мешавад, ки ҳамаи кишварҳо, чӣ сарватманду чӣ нодор метавонанд аз хадамоти умумии беҳдоштӣ бархӯрдор шаванд. Дэвид Эванз-раиси бахши сармоягузории Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, барои баъзеҳо хадамоти тиббӣ аслан вуҷуд надорад, барои баъзеҳои дигар ин хадамот дастнорас аст. Дар гузориш омадааст, баъзе кишварҳо барои хадамоти тиббӣ камтар аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар баъзе кишварҳо ҳатто сармоягузорӣ дар ин бахш 67 баробар камтар будааст.
XS
SM
MD
LG