Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зоири тоҷик дар Мадина вафот карданд


Ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳангоми адои ҳаҷ дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ вафот кардаанд. Онҳо Раҷабов Раҷабалии 72 сола, сокини Ҳисор ва дуввумӣ як зани шаст сола аз ноҳияи Исфара мебошанд. Иллати даргузашти ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон сактаи қалбӣ будааст.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷанозаи ин ду нафар дар Мадинаи Мунаввара сурат гирифтааст ва дар ҷанозаи онҳо ҳудуди як миллион зоир иштирок кардаанд.

Ба гуфтаи оғои Мухторов ҳамчунин қарор аст, шоми имрӯз панҷшанбе аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон боз гарданд.




Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, бо мусоидати ин кумита имсол 5 ҳазору 300 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ сафар кардаанд. Дар соли равон роҳпулӣ ба ҳаҷ барои як нафар 3 ҳазору 191 долларро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG