Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 донишҷӯи ғайриқонунии Тоҷикистон аз Эрон бозгашт


Бештар аз 100 нафар донишҷӯёни ғайриқонунии Тоҷикистон аз мадрасаҳои Эрон ба кишвари худ баргаштанд. Онҳоро ҳавопаймои ширкати "Осмон"-и Эрон ба Душанбе интиқол дод. Хонаводаҳои онҳо кирояи роҳ ва масрафи бозгаштро пешакӣ ба ҷониби Эрон пардохт карда буданд. Онҳо бештар дар мадрасаҳо ва донишгоҳҳои устони Систону Балуҷистон таҳсил мекарданд. Бозгардонидани донишҷӯёни мазҳабии ғайриқонунии Тоҷикистон аз Арабистони Саудиву Покистон низ идома дорад.
XS
SM
MD
LG