Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба мулоқоти нахуствазирон ба Душанбе нахоҳад омад


Хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки Шавкат Мирзиёев-нахуствазири Узбакистон барои ширкат дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Душанбе намеояд. Қарор аст, ин мулоқот 25-ӯми ноябр дар Душанбе баргузор шавад. Ба ҷуз аз нахуствазири Узбакистон нахуствазирони кишварҳои дигари узв ба Душанбе хоҳанд омад. Аз ҷумла, интизор меравад, ки Владимир Путин-нахуствазири Русия дар ҳошияи ин мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва соири раҳбарони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом диҳад. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, намояндагони Покистону Эрон ва Афғонистону Муғулистон ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG