Пайвандҳои дастрасӣ

3 нафар муттаҳамони парвандаи Боқиев фирор кардаанд


Се нафар аз мақомоти собиқи аршади давлати Қирғизистон, ки дар робита бо куштори ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар моҳи апрел дар Бишкек муттаҳам дониста мешуданд, барои кашонда нашудан ба мурофиаи додгоҳ аз хонаҳояшон фирор кардаанд. Мурофиаи Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршуда ва бештар аз 20 нафари дигар аз ёронаш барои тирандозӣ бар зидди тазоҳуркунандагон идома дорад. Дар тирандозиҳо тақрибан 90 нафар кушта шуд. Боқиев ва 5 нафари дигар, аз ҷумла писари калонии вай, дар мурофиаи додгоҳ ҳузур надоранд. 22 нафари дигар дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG