Пайвандҳои дастрасӣ

Бештар аз сад нафар толибилми тоҷик, ки дар мадрасаҳои мазҳабии ғайрирасмии Эрон таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд. Ин муҳассилин тавассути парвози ширкати ҳавопаймоии "Осмон"-и Эрон баъд аз зуҳри имрӯз вориди фурудгоҳи Душанбе шуданд ва мавриди истиқболи наздиконашон қарор гирифтанд.

Наҷмиддин Салимов корманди кумитаи дини Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ин ҷавонон дар натиҷаи сафари як гурӯҳи корӣ ба Эрон муайян ва бозгашти онҳо ба ватан ташкил шудааст. Оқои Салимов афзуд, дар ҳодисаҳои нохуши ахире, ки дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, муҳассилини мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ даст доштанд. Ва ҳукумати кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз таъсири андешаҳои ифротгароӣ ба ҷавонони тоҷик онҳоро ба ватан бармегардонад.

Наҷмиддин Салимов гуфт: «Муҳассилини бозгашта метавонанд дар мадрасаҳои дохилӣ таҳсили худро идома диҳанд. Онҳо дар оянда метавонанд ба хориҷа барои идомаи таҳсил бираванд. Муҳассилини наврас дар кишварҳои хориҷӣ ба осонӣ зери таъсири ҳар гуна андешаву назарҳо мемонанд».

Волидайни ин толибилмон мегӯянд, масрафи бозгашти фарзандони худ аз Эронро қаблан пардохт намуда буданд. Аммо дар ҳамин замина масъулин мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дархост кардааст, ки барои муҳассилин нархи билети ҳавопайморо панҷоҳ дарсад арзон кунанд.

Тибқи бархе маълумот, ҷавонони тоҷик бештар дар вилояти Балуҷистон ва Сиистон машғули таҳсил ҳастанд. Зеро сокинони ин манотиқи Эрон умдатан суннимазҳаб ва пайравони Имоми Аъзам ҳастанд ва толибилмони зиёди хориҷӣ дар мадрасаҳои ин минтақа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.



Яке аз волидони донишҷӯён мегӯяд, ки ду сол аст, ки фарзанди 17-солааш дар Эрон таҳсил мекунад ва таъмини молии таҳсили ин наврас аз ҳисоби садақоти мардуми атрофи мадраса будааст. Аксари волидон тасдиқ мекунанд, ки ба хотири таҳсили ройгон дар кишварҳои исломӣ бо харҷи камтари маблағ фарзандони худро аз роҳи саёҳӣ ба ин кишварҳо гусел мекунанд:

Бо расидани 137 нафар толибилм аз Эрон Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун беш аз 600 нафар донишҷӯёни мадориси мазҳабӣ дар кишварҳои исломиро боз гардонидаанд.

Қаблан масъулини Кумитаи дин гуфта буданд, ки дар бораи дар мадориси хориҷӣ таҳсил кардани 1432 толибилми тоҷик маълумот ҷамъоварӣ шудааст.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашти муҳассилин

Дар зарфи се моҳи охир ҳамчунин садҳо нафар толибилми тоҷик аз мадрасаҳои мазҳабии Покистон ва Миср низ ба Тоҷикистон бозпас оварда шуданд.

Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.

Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.

Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.

Ахиран дар як филми мустанад бо номи "Масири гумроҳон", ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.

Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG