Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти ахири Шӯрои байнидавлатии АврОсиё, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват шуд, то барои пайвастан ба ин созмон толоши бештаре кунанд. Ин ду кишвари Осиёи Миёнаро Владимир Путин, нахуствазири Русия бари ҳар чи зудтар шомил шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ даъват намудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври сунъӣ наметавонанд вориди Иттиҳоди гумрукӣ шаванд.

Даъват бо ангезаи сиёсӣ

Тоҷикистон аз даҳ соли пеш талош дорад, то ба ин созмон бипайвандад ва аз ин тариқ мушкилоти марбут ба ҳамгироии иқтисодӣ, ҳамлу нақли коло ва воридоту содироташ бо ин кишварҳоро осон кунад.

Даъвати Владимир Путин аз Тоҷикистон ва Қирғизистон он аст, ки ин ду кишвари Осиёи Миёна ба сурати фаъолтар аз роҳи пайвастан ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ қадам бардоранд. Масъулони давлати Тоҷикистон аз ин иқдоми Маскав истиқбол кардаанд, вале ҳамзамон гуфтаанд ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ба гуфтаи Раҳматҷон Давлатов, як масъули бахши ҳамкориҳои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба манзури пайвастани ин кишвар ба иттиҳоди гумрукӣ, як коммисияи вижаи давлатӣ таъсис шудааст, ки ҷанбаҳои мухталифи онро ба баррасӣ мегирад. Аммо ин масъули вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон даъвати Маскавро дорои ангезаи сиёсӣ медонад:

“Хуб аст, ки чунин даъвате аз сӯи мақомоти Русия сурат гирифта ва мо ин пешниҳодро мавриди мулоҳиза қарор медиҳем. Аммо ин амр ангезаи сиёсӣ дорад, зеро кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ миёни ҳам муносибати хубе надоранд. Барои мисол муносибати Русия бо Белорус он қадар хуб нест”

Дар воқеъ то ҷое сардии равобити Маскав ва Минс мунҷар ба он шуд, ки Русия ва Қазоқистон дар авоили моҳи июли соли ҷорӣ бе ширкати Белорус фаъолияти Иттиҳоди гумрукиро оғоз карданд.

Сабабҳои нармиши Маскав

Аммо дар ҳоле, ки қаблан маҳз мақомоти Маскав дар пайвастани Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ монеаҳоро медиданд, ҳамакнун нахуствазири Русия садо баланд мекунад, ки дари ин созмон барои Душанбе ва Бишкек боз аст.

Ба гуфтаи мақомоти Душанбе, Тоҷикистон аз соли 2000 дар пайи пайвастан ба ин созмони минтақавӣ аст, аммо то кунун муродаш дар ин замина ҳосил нашудааст. Талбак Исмоилов, узви кумитаи иқтисоди парлумони Тоҷикистон, нармиши Маскавро дар қиболи Душанбе маҳсули мулоқоти рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Сочӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ медонад.

Ӯ мегӯяд, «сарчашмаи ин нияти неки Русия ва барқарории муносибот ва равобит миёни Тоҷикистон ва Русия аз нишасти Сочӣ маншаъ мегирад. Зеро ҷонибҳо тавонистанд манофеи ҳамдигар ва ҳамчунин манофеи минтақаро ба назар бигиранд ва роҳро барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо ҳамвор кунанд».

Ба таъкиди ҷаноби Талбаков, маҳз дар нишасти Сочӣ мавзуоти мавриди назар ва ҳамзамон муҳим барои ҳар тараф ва ба хусус барои Русия, матраҳ шуда буд. Зеро, ба гуфтаи бештари таҳлилгарон, ҳарчанд тавофуқоти бадастомада дар ин мулоқот расман эълом нашуд, аммо ба эҳтимоли зиёд раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар бархе аз тарҳҳои стратегӣ, ба вижа истифодаи пойгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе тавассути Русия ва ҳамин тавр ширкати фаъоли Маскав дар тарҳҳои энержӣ иттифоқи назар пайдо кардаанд.

Пойгоҳи Айнӣ бар ивази Иттиҳоди гумрукӣ?

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон талош мекунад, то дар истифодаи тарҳҳои стратегӣ истиқлол дошта бошад, аммо ба таъкиди соҳибназарон, дар ниҳоят чунин иншоотҳо, аз ҷумла пойгоҳи низомии Айнӣ низ дар назар аст ба ихтиёри Русия вогузор шавад.

Бо он ки бархе таҳлилгарон иллати ин амрро дар сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон ва абарқудратии Русия дар минтақа медонанд, аммо Парвиз Муллоҷонов ваъдаи қаблии Тоҷикистон ба Русия дар робита ба истифодаи пойгоҳи Айниро сабаби аслӣ ва меҳварӣ медонад.

Ӯ мегӯяд, «Тоҷикистон аз аввал ин ваъдаро ба Русия дода буд. Ҳарчанд Тоҷикистон талош кард, то Русия дар ивази истифодаи ин пойгоҳ маблағе пардохт кунад, аммо Маскав на танҳо маблағ пардохт накард, балки фишорҳоеро алайҳи Душанбе раво донист».

Бад ин тартиб таҳлилгарон гузаштҳоеро аз сӯи давлати Тоҷикистон дар нисбати Маскав на танҳо омили рафъи сардии муносибот ва равобити дуҷониба, балки роҳе барои дастёбии Душанбе ба созмонҳои минтақавии иқтисодӣ мехонанд. Аз сӯи дигар авомили дохилиро низ коршиносон сабаби беҳбӯдӣ дар муносиботи Тоҷикистон бо Русия талаққӣ мекунанд. Ба иддаои онҳо, барои ҳукумати Тоҷикистон ноамнӣ дар дохили кишвар ва ҳамзамон эътирозҳои мардумӣ алайҳи сиёсати давлат метавонад боиси аз байн бурдани зимоми ҳокимияти феълӣ гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG