Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё шумораи палангон дар ҷаҳон ба нестӣ мерасад?


Дар конфронси Санкт-Петербург коршиносон гуфтаанд, дар давоми 12 соли оянда дар саросари ҷаҳон палангҳо метавонад ба нестӣ бирасанд, агар барои ҳифзи онҳо тадбирҳои фаврӣ андешида нашавад. Дар давоми даҳсолаҳои гузашта шикори сарбахуди палангҳо сабаб шудааст, ки шумораи онҳо аз 100 ҳазор ба 3 200 бирасад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тадбирҳои ҳифзи ин ҷонвар дар 5 соли оянда дастикам ба 350 миллион доллар баробар хоҳад шуд. Конфронси Санкт-Петербург то рӯзи чаҳоршанбе идома меёбад. Дар он намояндагони 13 кишвар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG