Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирландия дархости кӯмак кард, бозорҳо мӯътадил шуданд


Имрӯз бозорҳои молии Аврупо ба ҳолати маъмулии худ баргаштанд, зеро сармоягузорон аз тасмими расмии Ирландия барои дархости кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул истиқбол карданд. Ин хабар ба арзиши евро низ асари мусбат гузошт, зеро дар рӯзҳои ахир пули евро арзиши худро аз даст медод. Брайан Ковен-нахуствазири Ирландия баъд аз рӯзҳо сардаргумӣ рӯзи

"Ман метавонам таъйид кунам, ки имрӯз ҳукумат тасмим гирифт, ки аз Иттиҳодияи Аврупо дархости кӯмаки молӣ кунад. Ин дархост ҳамин шаб ба мақомоти аврупоӣ расонда шуд. Мақомоти аврупоӣ ба дархости мо ризоят доданд".


Мизони ин кӯмак дақиқ нашудааст, вале нахуствазири Ирландия гуфт, кӯмак камтар аз 100 миллиард евро хоҳад буд, ки он ба 137 миллиард доллар баробар аст. 6 моҳ пеш Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ба Юнон 110 миллиард евро кӯмак када буданд.
XS
SM
MD
LG