Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров дар Чин қаҳрамони бозиҳои Осиё шуд


Дилшод Назаров-гурзандози тоҷик дар Бозиҳои 16-ӯми Осиё дар Чин ба дарёфти медали тиллои ин бозиҳо ноил омад. Дилшод гурзро ба масофаи 76 метру 40 сантиметр партофта, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Мақомои дуввумро дар ин навъи варзиш Кова Мусавӣ-варзишгари эронӣ соҳиб шуд. Вай гурзро ба масофаи 68 метру 90 сантиметр партофт, ки аз барандаи ҷои севвум 18 сантиметр бештар аст. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо як медали тилло ва як нуқра ба даст овардаанд. Расул Боқиев-паҳлавони тоҷик пештар барандаи медали биринҷӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG