Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVI осиёӣ: Тоҷикистон бо ду медал дар ҷои 20-ум


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин ҷараён доранд, бо касби ду медал - як тилло ва як биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 20-ум қарор дорад.

Мизбонон - варзишгарони Чин, ки ҳамагӣ 287 медал (146 тилло, 71 нуқра ва 70 биринҷӣ) ба даст овардаанд, мақоми аввалро касб кардаанд.

Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ бо 162 медал (55 тилло, 46 нуқра ва 61 биринҷӣ) дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 146 медал (30+54+62) дар ҷои саввум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 32 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд. Тоҷикистон пас аз Қазоқистон (ҷои 11-ум) ва Узбакистон (ҷои 14-ум) ҷойгир шудааст. Қирғизистон бо 2 медали нуқра дар ҷои 25-ум мебошад. Вале Туркманистон то ҳоло медал нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. Нахустин медалро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои 16-уми осиёӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар риштаи дзю-до овардааст. Вай дар вазни то 73 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр соҳиби ҷойи аввал ва нишони тилои Бозиҳои XVI осиёӣ шуд. Дилшод нисбат ба варзишгари эронӣ Кова Мӯсавӣ, ки ҷои дуввумро гирифт, гурзро 7 метру 54 сантиметр дуртар ҳаво дод.

Бояд тазаккур дод, ки Дилшод Назаров дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ барандаи медали тилло шуда буд ва натиҷааш 74 метру 43 сантиметр буд.

Шурӯъ аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ ин саввумин нишони тиллои варзишгарони тоҷик аст. Гурзафкани 28-солаи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: « Имсол барои ман соли бобарор гардид. Ман дар чандин мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат карда, пирӯз шудам. Вале барои ман Бозиҳои XVI осиёӣ дар Чин мусобиқоти аввалиндараҷа маҳсуб мешуд ва ман тамоми сол ба ин мусобиқот омодагӣ дида, пайваста тамрин мекардам. Бинобар ин ба пирӯзии худ дар ин бозиҳо бовар доштам. Ва барои дуввумин бор медали тиллои Бозиҳои осиёиро ба даст овардам, ки аз дастоварди худ хеле шодам».

Медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ то 22-юми ноябр

Т

Н

Б

Ҳамагӣ

1.

Чин

146

71

70

287

2.

Кореяи Ҷанубӣ

55

46

61

162

3.

Ҷопон

30

54

62

146

4.

Эрон

10

8

4

32

5.

Ҳонконг

7

13

9

29

6.

Тайланд

7

7

22

36

7.

Тайван

6

8

29

43

8.

Ҳиндустон

5

11

17

33

9.

Сингапур

4

6

6

16

10.

Малайзия

5

8

7

20

... 20

Тоҷикистон

1

0

1

2

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ (аз соли 1994-ум то имрӯз) ҳамагӣ 14 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Натиҷаи аз ҳама беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ касби ҷои 24-ум байни 45 кишвар дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар мебошад.

Коршиносони соҳа дар бузургтарин мусобиқоти қитъавӣ дар Чин, инчунин, аз муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, барандаи медали тиллои Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар, натиҷаи баландро чашмдоранд. Воқеъан, Қурбонов 21-уми ноябр дар сабқати бокс дар вазни то 91 кг, дар нахустин рақобаташ бар муштзани Туркманистон Хидир Оразмамедов ба осонӣ аз рӯи холҳо бо натиҷаи 24:2 ғалаба кард. Дар даври баъдӣ, ки 24-уми ноябр баргузор мешавад, Ҷаҳон бо муштзани Ҳиндустон Манприт Сингҳ рақобат хоҳад кард.

Вале муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни 57-60 кг дар даври аввал аз рақибаш Саида Ҳусейнова (Қазоқистон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 4:10 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG