Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиш барои ҳифзи палангҳо дар Петербург


Дирӯз бо ширкати намояндагони 13 кишвар дар Санкт-Петербурги Русия нишасти байналмилалие оғоз ба кор кард, ки ҳамоҳанг сохтани талошҳо барои ҳифзи саршумори палангон ва то 12 соли дигар дастикам 2 маротиба афзудани теъдоди ин ҳайвони рӯ ба нобудиро ба ҳадаф дорад. Мизбонии нишастро сарвазири Русия Владимир Путин бар ӯҳда дорад. Ӯ қаблан ба ҳифзи палангон даъват карда буд. Баъзе коршиносон бар ин боваранд, ки палангон рӯ ба нестӣ овардаанд.
Бино бар омори Сандуқи ҷаҳонии табиати зинда, феълан дар ҷаҳон ҳудуди 3200 паланг боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки як аср муқаддам шумори онҳо 100 000 баровард мешуд.
Тахриби ҷангалистонҳо ва шикорчиёни ғайриқонунӣ, ки палангро барои фурӯхтани пӯсту аъзои дигари баданаш дар бозори сиёҳ шикор мекунанд, аз иллатҳои аслии бамаротиб коҳиш ёфтани теъдоди палангҳо дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG