Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи 3 амрикоӣ дар Эрон ба моҳи феврал монд


Вакили мудофеъи 3 кӯҳнаварди амрикоӣ, ки баъди боздошт дар марзи Ироқу Эрон ба ҷосусӣ айбдор шудаанд, гуфт, додгоҳи онҳо ба 6 феврали соли оянда таъйин шудааст. Масъуд Шофеъӣ гуфт, ӯ рӯзи якшанбе дар ин бора номаи расмӣ гирифтааст. Мурофиа бояд рӯзи 6 ноябр оғоз меёфт, вале мақомоти Эрон ба далели ба додгоҳ ҳозир нашудани як амрикоии аз боздошт раҳошуда мурофиаро ба таъхир гузоштанд. Сара Шоурд моҳи сентябр раҳо ёфта, ба Амрико баргашт. Номзади ӯ Шон Бауэр ва дӯсти онҳо Ҷош Фаттал дар зиндон боқӣ мемонанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар Ироқ кӯҳнавардӣ мекарданд ва иштибоҳан вориди Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG