Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 ғайринизомӣ дар таркише дар Қандаҳор


Паймони НАТО мегӯяд, бар асари таркиши бомби канори роҳ дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон 3 афғони ғайринизомӣ кушта ва 4 тани дигар сахт захмӣ шудаанд.
НАТО мегӯяд, нирӯҳояш афроди захмиро ба бемористони низомӣ интиқол додаанд. Кадом гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Вале дар он шеваи амали Толибон дида мешавад, ки асосан ба истифодаи бомбҳои канори роҳ такя мекунанд. Бо ин ҳол, наздики 30 созмони байналмилалии имдодӣ, ки дар Афғонистон кор мекунанд, аз аҳзоби мутахосим дар ин кишвар даъват карданд, ҷиҳати таъмини амнияти мардуми осоишта талоши бештаре ба харҷ диҳанд. Бино ба омори СММ, имсол дар Афғонистон аз замони суқути давлати Толибон дар поёни соли 2001 шумори бесобиқаи мардуми ғайринизомӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG