Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри рубоиёти Хайём бо забони лазгӣ


Бино бар иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ахиран дар Маскав расми муаррифии “Сукира”, китоби рубоиҳои Умари Хайём бо забони лазгӣ доир шуд. Рубоиёти Хайёмро Низом Абдулҳамидов аз форсӣ ба лазгӣ баргардон кардааст. Ин адиб ва тарҷумони доғистонӣ дар расми муаррифии китоб гуфт, Умари Хайём фақат ҳамчун шоир маъруф шудааст, дар ҳоле ки ӯ мунаҷҷим, риёзидон ва файласуф ҳам буд. Расми муаррифии китоб дар Кохи миллатҳои Маскав баргузор шуда ва дар он намояндагони сафорати Тоҷикистон низ ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG