Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви пирӯзии 21 номзад дар интихоботи Афғонистон


Куммиссюни расидагӣ ба шикоёти интихоботии Афғонистон 21 номзадеро, ки бар пояи шумориши муқаддамотии оро барандаи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр эълон шуданд, радди салоҳият кард. Аҳмадзиё Рафъат, сухангӯи ин ниҳод гуфт, ки пирӯзии ин афрод бо ҷурми тақаллуб лағв шудааст. Ӯ афзуд, яке аз раддисалоҳиятшудагон Ҳишмат Халили Карзай, бародарзодаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аст, ки дар Қандаҳор баранда эълон шуда буд. САДО
Куммиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ то имрӯз аз 6000 шикояти расида танҳо 2500 шикоятро баррасӣ кардааст.
Тӯл кашидани ин раванд монеъи эълони натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG