Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин нишони тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ


Дилшод Назаров баъд аз пирӯзӣ дар Чин

Дилшод Назаров баъд аз пирӯзӣ дар Чин

Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров рӯзи якшанбе дар сабқати гурзандозии Бозиҳои XVI-уми осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин гурзро ба масофаи 76 метру 44 сантиметр ҳаво дода, соҳиби ҷойи аввал ва нишони тилоии ин мусобиқот шуд. Ин нахустин нишони тилои варзишгарони тоҷик дар бузургтарин мусобиқоти қитъавӣ дар Чин аст.

Мақоми дуввумро дар сабқати гурзандозони қораи Осиё варзишкори эронӣ Кова Мӯсавӣ бо натиҷаи 68 метру 90 сантиметр гирифт. Дар мақоми баъдӣ гурзандози ҷопонӣ Ҳироакӣ Доӣ бо натиҷаи 68 метру 72 сантиметр ҷой гирифтааст. Яъне натиҷаи бадастовардаи Дилшод Назаров назар ба ду рақиби аслиаш дастикам ҳафтуним метр болотар аст ва паҳлавони мо, ба навиштаи расонаҳо, нишони тилои Бозиҳои Осиёро барои худ ҳалол кардааст.

Пирӯзии Дилшод Назаров барои мухлисони варзиши тоҷик, ки ҷараёни ҳунарнамоии тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёро назорра мекарданд, баъди силсилаи бохтҳову нобарориҳои варзишкорони мо дар ин мусобиқот хабари хеле хуше шуд. Чунки баъди нишони биринҷии паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дуруст як ҳафта варзишкорони мо дар ин мусобиқот дигар чизе ба даст наоварданд.


Ба ин тартиб, то имрӯз дар хазинаи тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё ду медал – як нишони тилое, ки дирӯз Дилшод Назаров ба даст овард ва як нишони биринҷии Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо - ҷамъ шудааст ва Тоҷикистон дар раддабандии умумӣ дар байни 32 кишвари ширкаткунандаи Бозиҳои XVI Осиёӣ, ки то ҳоло соҳиби медалҳо гардидаанд, дар мақоми 20-ум аст.

Бозиҳои XVI осиёӣ 12 ноябр оғоз ёфта, то 27 ноябр идома хоҳанд кард. Аммо дар ҳоли ҳозир, пешсаф ҳамоно тими мизбон – Чин аст, ки алакай 287 медал, аз ҷумла 146 нишони тило ба даст овардааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 37 медал, аз ҷумла 4 нишони тило ва Узбакистон 26 медал, бо шумули 3 нишони тило дар даст дорад. Қирғизистон ҳам 2 медал ба даст овардааст, вале азбаскӣ ҳарду нишони гирифтааш нуқра буда, ҳанӯз ягон нишони тило надорад, дар раддабандии умумии тимҳои ширкаткунанда аз Тоҷикистон панҷ зина пойинтар ҷой гирифтааст.

Дар пайиҳам ноком шудани варзишкорони дигари тоҷик дар Бозиҳои Осиё ҳама умед дигар ба сӯи Дилшод Назаров дӯхта шуда буд, ки ӯ ҳатман чизе ба хазинаи тими Тоҷикистон хоҳад овард. Ва собиқаи имсолаи ҳунарнамоиҳои ӯ ҳам ба ин таъкид мекард, ки Дилшод Назаров тавони пирӯзӣ дар чунин мусобиқоти мӯътабарро дорад. Гурзандози тоҷик моҳи сентябр дар сабқати гурзандозии Ҷоми қораҳо дар Хорватия соҳиби ҷойи дуввум ва нишони нуқраи он мусобиқот шуд ва билофосила, баъди Коҷӣ Мурофушии ҷопонӣ бо 236 имтиёз дар раддабандии Иттиҳодияи байналмилалии варзишҳои майдонӣ гурзандози дуввуми ҷаҳон ном бурда шуд.

Дилшод Назаров, 28 сол дошта, 6 майи соли 1982 дар Душанбе ба дунё омадааст. Вазни ин паҳлавон 110 кило ва қадаш 187 сантимер буда, аввалин дастоварди чашмгири байналмилалиаш нишони биринҷии Бозиҳои Осиёи Ғарбӣ дар соли 1997 будааст. Дилшод Назаров соли 2006 дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 43сантиметр барандаи медали тило шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG