Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишони тилои Дилшод Назаров дар Бозиҳои Осиё


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров рӯзи якшанбе дар Бозиҳои Осиё дар Гуанҷоуи Чин соҳиби нишони тило шуд. Дилшод Назаров гурзашро ба масофаи 76 метру 44 сантиметр андохтааст, ки назар ба натиҷаи Кова Мӯсавии эронӣ ва Ҳироакӣ Доӣ аз Ҷопон дастикам 7,5 метр бештар аст. Нишони тилои Дилшод Назаров нахустин нишони тилои тими Тоҷикистон дар ин бозиҳост ва акнун Тоҷикистон бо як нишони тилову як биринҷӣ аз мақоми ниҳоии раддабандии умумии 32 кишвари ширкаткунандаи Бозиҳои Осиё 11 зина болотар рафта, дар мақоми 21-ум ҷой гирифт.
XS
SM
MD
LG