Пайвандҳои дастрасӣ

Яҳудиҳо барои идомаи шаҳраксозӣ пойфишорӣ мекунанд


Имрӯз ҳазорон сокинони маҳаллаҳои яҳудинишин алайҳи пешниҳоди ИМА барои дубора мутаваққиф намудани бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун эътироз карданд. Намоиши эътирозӣ дар Байтулмуқаддас, дар канори дафтари кори сарвазир Бенямин Нетаняҳу, баргузор шуд.
Чанд рӯз пеш вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба Исроил пешниҳод кард, ки дар ивази кӯмакҳои иловагии сиёсиву низомӣ барои бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун 90 рӯз мораторий эълон кунад. Исроил ба ин пешниҳод ҳанӯз расман посух надодааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз Маҳмуд Аббос, раиси Идораи худгардони Фаластин, изҳор намуд, ки агар Исроил барои бунёди манозил на фақат дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун, балки дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳам мораторий эълон накунад, фаластиниҳо сари мизи музокирот оид ба мусолиҳа дар Ховари Миёна барнамегарданд.
Гуфтушуниди мустақим миёни Фаластину Исроил авоили моҳи сентябр шурӯъ шуд ва аммо баъди хатми мӯҳлати моратории бунёди манозил барои яҳудиҳо дар қаламрави ишғолии Фаластин ба бунбаст ворид гардид.
XS
SM
MD
LG