Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 6 нафар бар асари зарбаи мушакӣ дар Покистон


Бар асари зарбаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 6 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи манбаъҳои покистонӣ, се нафари кушташудагон аз мухолифини мусаллаҳ ва се тани дигар сокинони осоиштаанд. Зарбаи мушакӣ ба деҳаи Ходдии Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар марз бо Афғонистон, зада шуд, ки гуфта мешавад, он ҷо пинҳонгоҳи афроди мусаллаҳи мухолифи ҳукумат аст.
XS
SM
MD
LG