Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати 19 номзади пирӯз дар интихобот лағв шуд


Комиссиюни арзу шикоятҳо оид ба натоиҷи интихоботи парлумонии Афғонистон пирӯзии 19 номзад ба вакилиро лағв кард. Намояндаи комиссиюн Аҳмад Зиё Рафъат дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки натоиҷи пешакии раъйпурсӣ дар ҳавзаҳое, ки ин номзадҳо пешбарӣ шуда буданд, бар асари кашфи тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд бекор карда шудаанд.
Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон ҳанӯз натиҷаҳои интихоботи парлумонии моҳи сентябрро эълон накардааст. Аз ин пеш Комиссиюн беш аз як миллион баргаҳои раъйдиҳиро бар асари ошкор шудани қонуншиканиҳо бекор карда буд. Дар робита ба тақаллуб дар интихобот нозирони мустақил ва сиёсатмадорони афғон изҳорот пахш карда буданд.
XS
SM
MD
LG