Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди қурбониёни сӯхтор дар Шонгҳой


Имрӯз ҳазорон одамони мотамзада дар канори як бинои бисёрманзила дар Шонгҳой, ки он ҷо ҳафтаи гузашта бар асари оташсӯзӣ 58 нафар ба ҳалокат расида буданд, ҷамъ омаданд. Бар пояи хабарҳо, мардум дар ҷои ҳодиса гулдаставу гулчамбаро мегузоштанд. Кормандони полис ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ афродеро, ки бо худ гулдаста надоштанд, аз назди бино меронданд.
Мақомоти Чин изҳор намуданд, ки сӯхтор дар бинои бисёрманзила бар асари риоя нашудани қойидаҳои бехатарӣ аз сӯи таъмиргарон рӯх додааст. Полис 12 нафар, аз ҷумла, масъулини таъмир дар ин биноро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG