Пайвандҳои дастрасӣ

Чавес мухолифонашро дар таҳияи сӯиқасд айбдор кард


Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, мухолифони худро дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Зимни суханронӣ дар Каракас Чавес, аз ҷумла, изҳор намуд, ки Гилиермо Сулоага, соҳиби шабакаи телевизионии Globovision, барои куштори раисиҷумҳур сад миллион доллар пешниҳод кардааст. Чавес гуфт, ки "онҳо маблағ ҷамъ меоваранд, то ки барои куштори ман касеро кироя кунанд. Аз рӯи хабари як манбаъи комилан мӯътамад ман фаҳмидам, ки онҳо ба чунин одам 100 миллион доллар пешниҳод карданианд. Яке аз онҳо Сулоага, соҳиби шабакаи телевизионие мебошад, ки барномаҳояш дар қаламрави Венесуэла пахш мешаванд".
Аммо Уго Чевес дар ин бора далеле пеш наовард. Сулоага чанде пеш аз Венесуэла ба ИМА фирор кард. Дар Венесуэла алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ва аммо Сулоага ин иттиҳомро рад мекунад ва таъқиб шуданашро бо интиқомситонӣ аз сӯи Чавес рабт медиҳад.
XS
SM
MD
LG