Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО таъмини амниятро бар дӯши афғонҳо вомегузорад


Дар нишасти Паймони НАТО дар Лиссабон тасмим гирифта шуд, ки соли оянда назорати бархе аз вилоёти Афғонистон бар дӯши нерӯҳои маҳаллӣ гузошта шавад. Сарони 48 кишвари узви Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО ба созиш расиданд, ки то охири соли 2014 назорати амният дар Афғонистонро комилан бар ӯҳдаи нерӯҳои маҳаллӣ вогузоранд. Ва аммо ба гуфтаи Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, нерӯҳои байнулмилалӣ баъд аз соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Ӯ гуфт, "агар душманони Афғонистон гумон мекунанд, ки метавонанд интизори ихроҷи мо аз ин кишвар бошанд, онҳо иштибоҳ мекунанд. Мо дар он ҷо он қадар боқӣ хоҳем монд, ки барои анҷоми рисолати мо зарур аст".
Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла, наздики 100 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
Имрӯз дар чаҳорчӯби нишасти НАТО музокироти сарони кишварҳои узви Паймон бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баргузор мешавад. Интизор меравад, ки НАТО ба Русия ширкат дар системи воҳиди зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупоро пешниҳод намояд. Созиш дар бораи ташкили ин систем рӯзи ҷумъа – рӯзи аввали нишасти НАТО ҳосил шуда буд.
XS
SM
MD
LG