Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Зиддӣ аз бунёди гузаргоҳи IRS


Сокинони ҷамоати Зиддии ноҳияи Варзоб имрӯз дар мавзеъи Майхӯра ҷамъ омада алайҳи бунёди гузаргоҳи навбатии пулакӣ аз сӯи ширкати Innovative Road Solutions эътироз карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Азия плюс, тақрибан 50 нафар нафар, асосан, занон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки пулакӣ кардани роҳ вазъи зиндагии мардуми маҳаллиро боз ҳам бадтар хоҳад кард.
Ин ҳафта сокинони шаҳраки Ҳушёрӣ ҳам бо ташкили гирдиҳамоӣ ба бунёди гузаргоҳи пулакӣ дар дохили шаҳрак эътироз карданд ва пешниҳод намуданд, ки гузаргоҳ ба беруни Ҳушёрӣ интиқол дода шавад. Гуфтушуниди сокинони Ҳушёрӣ ва масъулони ширкат бенатиҷа анҷом ёфт. Намояндагони IRS гуфтанд, ки харҷи изофагиро пазируфта наметавонанд.
XS
SM
MD
LG