Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нишасти НАТО мавзӯъи Афғонистон баррасӣ мешавад


Дар чаҳорчӯби нишасти НАТО дар Лиссабон ҷаласаи сарони кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ, ки дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон ширкат мекунанд, идома дорад.Қарор аст, ки дар он Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, суханронӣ кунад. Яке аз мавзӯъҳои аслии нишаст – дурнамои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аст. Раҳбарони Паймон мехоҳанд, ки раванди хурӯҷи нерӯҳо соли оянда шурӯъ шуда ва то соли 2014 назорати амният дар Афғонистонро комилан бар дӯши нерӯҳои маҳаллӣ вогузор гардад. Ҳамзамон Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, зимни ифтитоҳи нишасти имрӯза гуфт, "агар душманони Афғонистон гумон мекунанд, ки онҳо метавонанд интизори ихроҷи мо аз ин кишвар бошанд, иштибоҳ мекунанд. Мо дар он ҷо он қадар боқӣ хоҳем монд, ки барои анҷоми рисолати мо зарур аст".
Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла, наздики 100 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
Қарор аст, ки имрӯз дар чаҳорчӯби нишасти НАТО музокироти сарони кишварҳои узви Паймон бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баргузор шавад. Интизор меравад, ки НАТО ба Русия ширкат дар системи воҳиди зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупоро пешниҳод намояд. Созиш дар бораи ташкили ин систем рӯзи ҷумъа – рӯзи аввали нишасти НАТО ҳосил шуда буд. Сарони кишварҳои узви НАТО дирӯз ҳамчунин доктринаи нави стратегии Паймон барои 10 соли ояндаро пазируфтанд.
XS
SM
MD
LG