Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи ҳероини эронӣ дар Нигерия


Дар Нигерия миқдори бузурги ҳероини тавлиди Эрон мусодира гардид. Дар бандари шаҳри Лагос кормандони интизомии маҳаллӣ дар як киштӣ бо таҷҳизоти мошинсозӣ маводи мухадиреро ошкор намуданд, ки дар бозори сиёҳ 10 миллион доллар арзиш дорад.
Моҳи гузашта дар ҳамин бандар мақомоти ин кишвари африқоӣ миқдори бузурги силоҳи эрониро кашф ва мусодира карда буданд. Теҳрон он вақт эълом дошт, ки силоҳ иштибоҳан ба киштӣ бор карда шудааст.
XS
SM
MD
LG