Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эронро Пиллайро ба кишвар даъват карданд


Мақомоти Эрон раиси Идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Навӣ Пиллайро ба кишвар даъват карданд. Даъватномаро ахиран сафири Эрон дар СММ Муҳаммад Лориҷонӣ ба Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милал, супурд. Бан Ки Мун аз тасмими Теҳрон истиқбол кард.
Як рӯз пеш Кумитаи ҳуқуқи башари Маҷмааи кулли СММ бо бештари раъйҳо Эронро барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон маҳкум намуд. Дар қатъномаи қабулшуда аз истифодаи шиканҷа ва муҷозоте чун қатл аз тариқи сангпартоӣ ва ҳамчунин поймолсозии ҳуқуқҳои занон дар Эрон ёдоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG