Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сокини осоишта дар таркише дар Лағмон


Бар асари як таркиш дар шарқи Афғонистон се сокини маҳаллӣ кушта ва тақрибан 25 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллии шаҳри Меҳтарлам, маркази вилояти Лағмон, дар канори як постгоҳи полис маводи мунфиҷирае таркид, ки дар велосипед васл шуда буд. Ба думболи ин таркиш дар маркази шаҳр инфиҷори дуввум рӯх дод, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG