Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай дар нишасти НАТО суханронӣ хоҳад кард


Имрӯз дар нишасти НАТО Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, суханронӣ мекунад. Яке аз мавзӯъҳои аслии нишасти Лиссабон – дурнамои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аст. Раҳбарони Паймон мехоҳанд, ки то соли 2014 назорати амният дар Афғонистонро комилан бар дӯши нерӯҳои маҳаллӣ вогузор кунанд.
Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, изҳор намуд, ки мушаххас кардани ҷадвали хуруҷи нерӯҳо барои ташкили беҳтари омӯзиши низомиёни афғон мусоидат хоҳад кард. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла, наздики 100 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG