Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 35-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳибӣ кардааст, дар майдони худ бар тими «Хайр»-и Ваҳдат, ки яке аз муддаиёни медалҳои биринҷист, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои мизбононро Сардорбек Эминов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (аз ҷаримаи 11-метра) дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. Голи меҳмононро Маҳмалоиқ Нуриддинов дар нимаи дуввуми бозӣ зад.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба голи Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») бозигарони тими мизбон Сӯҳроб Эгамбердиев ва Фахриддин Шарифов бо ду гол ҷавоб гардонданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Шӯҳрат Шамсиев ва як голро Зокир Бердиқулов ба ҳадаф расонданд.

Бозии охирини даври 35-ум байни дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гаштааст, бо тими «Энергетик»-и Душанбе 21-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Ба ин тартиб дастаҳои “Вахш” ва “Хайр” барои ҷои севум талош доранд. Агар “Хайр” дар бозии охиринаш дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шавад, ба дастаи “Вахш” барои гирифтани ҷои севум дар ду бозии охирин бо “Регар-ТадАЗ” (дар майдони худ) ва “Истиқлол” (дар меҳмонӣ) як хол ба даст овардан кофист.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

30

24

6

0

74-17

78

2.

«Регар-ТадАЗ»

31

22

5

4

81-23

71

3.

«Вахш»

30

15

8

7

41-26

53

4.

«Хайр»

31

15

6

10

55-41

51

5.

«Энергетик»

30

11

4

15

38-42

37

6.

ССКА «Помир»

31

9

10

12

34-48

37

7.

«Хуҷанд»

31

8

8

15

41-54

31

8.

«Парвоз»

31

5

6

20

32-72

21

9.

«Равшан»

31

1

3

27

18-92

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 15, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Даври 36-ум
24-уми ноябр (чоршанбе)
«Вахш» - «Регар-ТадАЗ»
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Парвоз»
ССКА «Помир» - «Энергетик»

Бозии мавқуфмондаи даври 25-ум
27-уми ноябр (шанбе)
«Истиқлол» - «Вахш»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG