Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии ду зани вакили мудофеъ аз зиндони Эрон


Сомонаи мухолифини Эрон аз раҳоии ду зани вакили мудофеъ, ки дар поёни ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо 3 вакили дигар бо ҷароими амниятӣ боздошт шуданд, хабар дод. Сомонаи “Калима” аммо ҷузъиёти раҳоии Марям Карбосӣ ва Роза Қарачорлуро наовардааст. Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ қаблан ин 5 вакили мудофеъро ба “ҷиноёт ва аъмоли муғойир бо меъёрҳои Ҷумҳурии исломӣ дар хориҷ” айбдор карда буд. Се вакили дигар, бо шумули 2 зан ва 1 мард ҳанӯз дар боздошт боқӣ мемонанд. Бархе аз ин вукало ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон маъруф буда, аз маҳбусони сиёсӣ ҳам дифоъ мекарданд.
XS
SM
MD
LG