Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба Афғонистон тонкҳои қавитар мефиристад


Рӯзномаи амрикоии “Washington Post“ бо истинод ба мақомоти низомӣ хабар додааст, ки Амрико барои нахустин бор дар зарфи 9 соли набард бо Толибон тонкҳои ҷангии навъи “M1 Abrams “-ро дар Афғонистон мустақар мекунад.
Истиқрори ин тонкҳои зиреҳпӯш ибтидо дар вилояти Ҳилманд, маҳалли рӯёрӯии нирӯҳои баҳрии Амрико бо воҳидҳои хуб мусаллаҳи Толибон, аломати тақвияти шеваи ҷанг бо чирикиҳои толиб арзёбӣ мешавад. Ин тонкҳои ҷангӣ бо тӯпҳои 120-миллиметрие муҷаҳҳазанд, ки тавони тахриби манозил дар фосилаи як милро доранд. Ин имкон медиҳад, ки чирикиҳоро дар фосилаи дуртаре ҳадаф гирифта, ба онҳо имкони наздик шудану ҳамла овардан надиҳанд.
XS
SM
MD
LG