Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Обама аз раҳбарони НАТО


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба хотири ширкат дар нишасти дурӯзаи сарони 28 кишвари узви НАТО ба Лисабон омад. Мавзӯъи аслии нишасти Лисабон ҷадвали замонии коҳиши ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст. Обама дар мусоҳиба бо рӯзномаи испании "El Pais" аз раҳбарони НАТО даъват кард, ба тааҳҳудоти қаблии худ ҷиҳати таъмини гузариши қоим дар Афғонистон пойбанд бимонанд. Ӯ гуфт, Амрико умедвор аст, ки НАТО барои нирӯҳои Афғонистон муррабиҳои бештаре фиристода, ҳимояти дарозмуддаташ аз Кобулро изҳор хоҳад кард.
Бино ба хабарҳо, интизор меравад, сарони НАТО пешниҳоди раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҷиҳати то поёни соли 2014 ба нирӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амниятро бипазиранд. Хуруҷи 140 000 сарбози хориҷӣ аз Афғонистон, қарор аст, соли оянда шурӯъ шавад.
Дар нишасти НАТО мавзӯъи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ҳам баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG