Пайвандҳои дастрасӣ

Кашин намедонад, ки кӣ ба ӯ ҳамла кардааст


Евгения Милова, ҳамсари хабарнигори латукӯбшудаи нашрияи русии “Коммерсант” Олег Кашин мегӯяд, ӯ намедонад, ки дар паси ин ҳамла кӣ истодааст. Кашини 30-сола рӯзи 6 ноябр дар даромадгоҳи манзилаш дар Маскав ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Бар асари ҳамла, ҳарду пои хабарнигор шикаста, ҷоғу ангуштони ӯ ҳам осеб дидаанд.
Рӯзи чоршанбе муфаттишон барои нахустин бор Олег Кашинро дар бемористон тайи 90 дақиқа бозпурсӣ кардаанд.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ахиран изҳори умед кард, ки афроде, ки ба Кашин ҳамла карданд, ба зудӣ дастгир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG