Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба назар мерасад, ки ҳамасола фармони даъвати ҷавонон ба сафи артишро аз ҳама бештар ҷавонони синни хизмати сарбозӣ интизор мешаванд. На ба он хотир, ки зудтар ба сафи артиш даъват шаванд, ҳарчанд теъдоде ҷавонони хоҳишманди хизмати сарбозӣ ҳаст.

Аммо аксари ҷавонон ин фармони даъватро ба он хотир интизоранд, ки чорае аз қабл дар роҳи раҳоӣ ва ё канор мондан аз артишро пайдо кунанд, ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ «фирор» намоянд ва ё усулҳои ба артиш нарафтанро истифода баранд.

Ба қавли таҳлилгарон, ин тарсу ҳарос ва гурезпоии ҷавонон аз хидмат дар артиш аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъдии он маншаъ мегирад, ки дар шароитҳои сангин, ҷавонони навхат ба хидмати модар ватан рафта, ё барнамегаштанд ва ё маризу маслуқ ва бо сад иллату дард хидматро ба анҷом мерасонданд.

Аммо имрӯз вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, шароит дар қисмҳои низомии ин вазорат ба маротиб беҳтар шудааст ва шумораи ҷавонони хоҳишманди хидмат дар артиш рӯ ба афзоиш аст. Вале ба назар мерасад, ки ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон, ки боиси кушта шудани теъдоде аз сарбозону афсарон шуд, ҳароси кӯҳанро дар дили ҷавонон дубора бедор кардааст. Аммо боз далелҳое ҳаст, ки ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ дилсард мекунад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG