Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи допинг дар бадани гуштигири узбак


Гуштигири узбак Шокир Мӯъминов нахустин варзишгарест, ки бо ҷурми истифодаи допинг аз Бозиҳои Осиё дар Гуанҷоуи Чин ихроҷ мешавад. Ин гуштигири 27-сола дар вазни 81 кило дар сабқати дзюдо соҳиби ҷойи дуввум ва нишони нуқраи ин мусобиқот шуда буд. Масъулони Бозиҳои Осиё мегӯянд, ташхис дар бадани Шокир Мӯъминов нишонаҳои стимулянти манъшудаи мавсум ба метилҳексанаминро кашф карда, ӯро акнун ба ин далел аз нишони нуқрааш маҳрум кардаанд.
XS
SM
MD
LG