Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои низомии Русия дар наздикии Перм


Як ҳавопаймои ҷангии МИГ-31-и Русия рӯзи ҷумъа дар наздикии шаҳри Перм, тақрибан 1400-километрии шарқи Маскав, суқут кардааст. Мақомоти изтирории Русия мегӯянд, ҳарду халабони ҳавопаймо аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд.
Бино ба хабарҳо, ҷанганда ба илали фаннӣ суқут карда, касе бар асари ин сониҳа осеб надидаву кадом иншооте ҳам дар атрофи маҳалли ҳодиса тахриб нашудааст. Як куммисиюни вазорати дифоъи Русия ба таҳқиқи қазия пардохтааст.
XS
SM
MD
LG