Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба раҳоии як зани масеҳӣ аз зиндони Покистон


Созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) низ ба даъватҳое пайваст, ки раҳоии як зани масеҳимазҳаби покистонии маҳкум ба қатлро тақозо доранд. Осиёбибӣ тибқи қонунҳои зидди тавҳин ба диёнати Покистон, бо ҷурми тавҳин ба пайғамбари Ислом Муҳаммад дар вилояти Панҷоб ба дор маҳкум шуда, якуним сол боз дар зиндон ба сар мебарад. Попи Рум Бенедикти 16 ҳам аз Покистон даъват кардааст, ин зани масеҳии соҳиби 5 фарзандро аз зиндон раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG