Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландияи бӯҳронзада кумаки молӣ меҷӯяд


Ирландия ба хотири дарёфти кумакҳои молӣ дар роҳи раҳоии иқтисодаш аз чанги бӯҳрони бонкӣ бо созмонҳои байналмилалӣ вориди музокирот мешавад. Як ҳайъати муштараки ИА, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул ба манзури арзёбии вазъи молии ин кишвари дар қарз ғуттида ба Дублин омадааст. Раҳбари Бонки марказии Ирландия Патрик Ҳоноҳан гуфт, маблағи қарзҳои оянда “даҳҳо миллиард” евроро ташкил хоҳад дод, вале ҳанӯз кадом ваъдаи мушаххаси вом ба Ирландия дода нашудааст. Касри будҷаи Ирландия феълан ба 32 фоиз, ё тақрибан ба сеяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилиаш баробар шудааст, ки назар ба ҳадди ниҳоии таъйинкардаи ИА 10 маротиба бештар аст. Ин нигарониеро ба бор овард, ки мабодо бӯҳрони қарзии Ирландия ба Португалияву Испания ҳам тавсиа биёбад. 6 моҳ пеш Юнон барои раҳоияш аз бӯҳрон 110 миллиард евро кумак гирифт.
XS
SM
MD
LG