Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО дар Лисабон оғози кор мекунад


Нишасти дурӯзаи сарони 28 кишвари узви паймони низомии НАТО имрӯз дар Лисабон, пойтахти Португалия оғоз мешавад.
Як мавзӯъи аслии ин нишаст ҷадвали замонии коҳиши ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст. Интизор меравад, сарони НАТО пешниҳоди раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай ҷиҳати то поёни соли 2014 ба нирӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амният дар он кишварро бипазиранд. Худи Карзай, қарор аст, рӯзи шанбе дар нишаст суханронӣ кунад.
Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, интизор доранд, нирӯҳои хориҷӣ, ки феълан шумораш ба ҳудуди 140 000 мерасад, аз соли оянда ба хуруҷ аз Афғонистон шурӯъ карда, назорати дастикам бахши аъзами он кишвар то соли 2015 ба нирӯҳои афғон таҳвил шавад.
Дар нишасти НАТО мавзӯъи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ҳам, ки Русия ба он шадидан мухолиф аст, баҳс хоҳад шуд. Қарор аст, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳам дар ҳамоиши Лисабон ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG