Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягон вагони Роғун иҷозаи убур нагирифтааст


Нурулло Шулашов, раиси нирӯгоҳи Роғун мегӯяд, банд мондани вагонҳои ҳомили молу таҷҳизот барои ин сохтмон боиси эҷоди халал дар роҳи идомаи эҳдоси ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим шудааст. Оқои Шулашов гуфт, давлат акнун тасмим гирифтааст, то роҳҳои алтернативии ба Тоҷикистон расондани чунин молу таҷҳизотро биҷӯяд. Раиси нирӯгоҳи Роғун афзуд, дар ҳоли ҳозир аз ҷумла пешниҳоди истифодаи роҳҳои ҳавоӣ ва ҳам аз қаламрави Афғонистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. Нуруллоҳ Шулашов хабарҳои қаблан нашршуда дар бораи барои убур аз қаламрави Узбакистон иҷозат гирифтани чанд вагони ҳомили таҷҳизот барои Роғунро радд кард ва гуфт, аз моҳи феврал ба ин сӯ ягон вагони роҳии Роғун натавонистаанд аз ҳудуди ин кишвари ҳамсоя убур кунад.
XS
SM
MD
LG