Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 3 коргари корхонаи қанди Ҳафттеппа


Се узви иттифоқи касабаи дар корхонаи қанди Ҳафттеппа дар ҷануби Эрон шашмоҳӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.
Як додгоҳи таҷдиди назар дар шаҳри Аҳвоз ҳукми ин се коргарро таъйид кардааст. Додгоҳ Беҳрӯз Некӯфард, Алиризо Саид ва Беҳрӯз Муллозодаро дар сӯъиэҳтиром ба раҳбари рӯҳонии Эрон муҷрим шинохт, вале ҷузъиёти дигари қазия ҳанӯз ба даст нарасидааст. Ризо Рахшон, раҳбари иттифоқи касабаи корхонаи қанди Ҳафттеппа, ки 3000 коргарро муттаҳид мекунад, низ ба дунболи нашри як матлаби интиқодӣ таҳти фишори додгоҳӣ қарор гирифта, додгоҳи Аҳвоз ӯро ҳушдор додааст, ки шояд то 2 сол ҳукми зиндон бигирад.
XS
SM
MD
LG