Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон 3 нирӯгоҳи бодӣ хоҳанд сохт


Тайи 2 соли оянда дар Тоҷикистон 3 нирӯгоҳи бодӣ бо иқтидори аз 20 то 100 киловатт-соат сохта хоҳад шуд. Манбаъи хабаргузории “Авасто” дар вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, эҳдоси нирӯгоҳҳои бодӣ дар чаҳорчӯби барномаи дарозмуддати бунёди нирӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009-2020 дар назар гирифта шудааст. Ин барнома дар маҷмӯъ эҳдоси 189 нирӯгоҳи хурдро дар назар дорад, ки қарор аст, 66 ададаш алакай соли 2011 бино шаванд.
XS
SM
MD
LG