Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Бозгашт ба оянда», «Духтарони тоҷикро медузданд», «Чаро Суғд Ленинобод нашуд?», «Дуди хонаро равзана медонад» ва нашри ҳафтаномаҳои мутаваққифшуда, унвонҳои асосии нашрияҳои Душанбе ҳастанд.

«Нигоҳ» ба мутаваққиф шудани чанд нашрияи мустақил дар ҳафтаҳои охир пардохтааст ва Саймуддин Дӯстов, муассиси ин нашрия дар матлабе зери номи «Бозгашт ба оянда» гуфтааст, ки медонам дӯстон, ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо кам нестанд, шахсоне, ки баста шудани чанд нашрияву сомонаи мустақил ва ҳатто ҳамаи онҳоро фоҷиа намедонанд. Ҳамчунин кам нестанд онҳое, ки ба қавли худашон «қонун-понунро задагиянд».

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки «Акбаралӣ Сатторов, молики матбаии «Интишор», ки чопи «Нигоҳ»-ро ба ӯҳда дошт шумораи навбатии онро ба чоп нарасонда, дар шарҳи амалкардааш гуфт: «Чоп намекунем: Метавонед ба суд муроҷиат кунед». Дар ҳоле, ки Акбаралӣ Сатторов ҳамчун раиси Иттифожи Журналистон, бояд пуле бошад миёни ВАО мустақил ва мақомоти ҳукуматӣ. Муассиси «Нигоҳ» дар ин матлаб ҳамчунин мавқеи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки нашри ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Пайкон»-ро дар матбааи ҳизб рад карда буд, зери интиқоди шадид қарор дода гуфтааст, ки «Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабиров, ки ба назари банда аз худ шармандагӣ бемисл нишон додааст».

«Фараж», ин ҳафта бо саҳифоти кам, дар ҳаҷми 8 саҳифа нашр шудааст. Хуршеди Атовулло сардабири ҳафтанома гуфтааст, ки вақт аст то мансабдорони баландпоя бо фарқи журналист аз шикоятнавису хабаркаш сарфаҳм раванд. Журналисткаро бояд пок кард! Ва мо тозакорӣ, ниқоби дурӯғинро аз чеҳраи баъзе кашидан оғоз намудем.

Дар матлаби дигар ин нашрия менависад, ки афғонҳо занону духтарони тоҷикро медӯзданд, ӯзбекҳо онҳоро бегуноҳ ҳабс мекунанд. Кӣ бояд ҳуқуқҳои онҳоро муҳофизат намояд?

«Озодагон» зери унвони «Дуди хонаро равзана медонад» номаи кушоди Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Аккадемияи илмҳои ҶТ -ро ба раиси комиссяи бозсозии АИ ҶТ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов нашр кардааст. Мӯҳтавони нома дар мавриди ислоҳоти Аккадемияи улуми кишвар аст, ки бар пояи он Инсититути шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Инсититути забон ва адабиёт ба номи Рӯдакӣ якҷо шудаанд. Мавсуф нигоштааст, ки якҷо кардани ин ду инсититут ба манфиати илм нест.

«СССР» зери номи «Чаро Суғд Ленинобод нашуд» менависад, ҳар гӯруҳи сияҳкор метавонад бе мамониат дар ин мавзеъ сияҳкорӣ кунад. Онҳоро ба чунин амал рафтори роҳбарияти вилоят бесадо роҳбаладӣ мекунад. Муаллиф навиштааст, ки вақте, ки матбуоти кишвари бегонае бемамониат дар ҳудуди вилоят бидуни ягон иҷозаи расмӣ пахш мешавад, чӣ гуна натавонад таҳририёнро таҳрик надиҳад, ки адабиёти худро паҳн кунанд?

«Наҷот» ҳафтаномаи ҲНИТ навиштааст, ки дастуре, ки аз тарафи вазорати маориф ба боғчаҳо ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мавриди «салом» додан роҳандозӣ шудаст, нодуруст аст. Ба гуфти муаллиф, дар асоси як тавсияи вазорати маориф бояд, ки дар боғчаҳои бачагона ва синфҳои ибтидоӣ наврасон «салом» гӯянд, вале бояд, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва ибтидоии касбӣ «ассалом» бигӯянд. Муаллиф мегӯяд, ки шакли дурусти салом, ин ассалому алайкум гуфтан аст. Набояд, ки насли навро ба хатогиҳои забонӣ ва калимот дучор кард.

«Ҷавонони Тоҷикистон» дастоварди варзишгаритоҷик - аввавлин медали бириҷнии Расул Боқиевро дар Бозиҳои шонзадаҳуми Осиё мояи ифтихор унвон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG