Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се фаъоли ҳуқуқи коргарӣ дар Эронро зиндонӣ карданд


Дар Эрон се узви фаъоли Иттиҳодияи коргарии ширкати найшакари Ҳафттеппаро ба шаш моҳи зиндон маҳкум кардаанд. Ба гузориши Радиои Фардо, Беҳрӯз Некӯфард, Алиризо Сайид, Беҳрӯз Мавлозода дар шаҳри ҷанубии Аҳвоз бо ҷурми беэҳтиромӣ ба раҳбари муаззами Эрон ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо заминаҳои аслии ин иттиҳомот маълум нест. Айни замон Ризо Рахшон раҳбари ин иттиҳодияи коргарӣ, ки 3 ҳазор аъзо дорад, барои нашри як мақола дар мавриди солгарди таъсиси иттиҳодияи коргарӣ таҳти фишори мақомоти қувваи қазоия ва ё вазорати адлия қарор гирифтааст. Ин иттиҳодия чандин дафъа, тазоҳуроту коршиканӣ баргузор кардааст.
XS
SM
MD
LG