Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама хостори тасвиби фаврии паймон бо Русия шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, тасвиби паймони коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Русия, як зарурати амниятӣ миллӣ барои Иёлоти Муттаҳида аст. Ӯ дар ин бора дар ҳузури мушовиронаш ва Медлин Олбрайт, Ҷеймс Бейкер, Ҳенрӣ Киссинҷер, вазирони собиқи умури хориҷа, Вилям Коен ва Вилям Перрӣ, вазирони собиқи дифоъи Амрико сухан гуфт. Ӯ афзуд:"Ин масъалаи амнияти миллӣ аст ва масъалае аст, ки наметавон ба таъхир андохт. Бидуни тасвиби ин паймон, яъне ҳар моҳе ки мегузарад мо наметавонем ташхис кунем, ки дар Русия чӣ мегузарад ва агар мо то замони номуаяйн таъхир кунем, дар он сурат, пешвоии Амрико дар амри манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва амнияти миллии Амрико заъиф хоҳад шуд. Паймони мавсум ба СТАРТ, ки Амрикову Русия имзо карданд, коҳиши 30 дар садии бомбҳои атомӣ ва силоҳҳои стротежии ду кишварро дар назар дорад. Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико хоста буданд, то раъйгирӣ дар сенат дар мавриди паймон моҳи январи соли оянда баргузор шавад. Аммо Барак Обама мехоҳад, паймони мазкурро то охири ҳамин сол тасвиб кунанд.
XS
SM
MD
LG