Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нохушнудии давлати Тоҷикистон аз иқдоми Ӯзбакистон


Давлати Тоҷикистон, аз бидуни ҳузури намояндагони кишвар баргузор шудани як конфронси байналмилалӣ дар мавриди истифода аз захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ дар Ӯзбакистон ибрози нохушнудӣ кард. Ба ҳамоиши дурӯза, ки аз 16 то 17 ноябр дар Тошканд идом кард, тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва корхонаи ТАЛКО-и Тоҷикистон “қаҳрамони он” будаанд, Тоҷикистон даъват нашуд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа дар ин бора гуфт: “Дар он ҷо масъалаи Роғун ва ҳам ТАЛКО баҳс шудааст. Ҳамаи ин ба манфиатҳои кишвари мо дахл доранд ва хуб мешуд, ки бо ширкати намояндагони кишвари мо, дар кадом сатҳе ки бошад, баррасӣ мешуд".” Дар ҳамоиши мазкур, ки бо мусоидати давлати Ӯзбакистон баргузор шудааст, ҳозиронаш аз хушкидани Баҳри Арал ибрози нигаронӣ карда ва хостаанд, то кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз сохтани обанборҳои бузург парҳез кунад. Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун миллионҳо нафар дар он кишвар оби кофӣ нахоҳанд дошт. Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъо дурӯғ аст.
XS
SM
MD
LG