Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми боздошти бунёнгузори Викиликс содир шуд


Як додгоҳи Шветсия ҳукми боздошти бунёнгузори вебсайти Викиликсро содир кард. Додгоҳ далели судури ҳукми боздоштро бозпурсии Ҷулиан Ассанж дар мавриди иттиҳомоти таҷовуз, озори ҷинсӣ ва таҳдид ба ду зан ҳангоми иқоматаш дар Шветсия зикр кардааст. Ҷулиан Ассанж ин иттиҳомотро рад мекунад. Ҳукми додгоҳи Шветсия метавонад, замина барои ҳукми байналмилалии боздошти Ҷулиан Ассанж шавад. Бунёнгузори Викиликс, садҳо ҳазор санадҳои маҳрамонаи Амрико дар мавриди ҷанги Ироқу Афғонистонро нашр кард ва ҳаёҳуи зиёдеро барангехт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG